Кӯмаки раиси вилояти Суғд ба касбомӯзии занони камбизоат

Date:


Дар Маркази иттилоотиву машваратии шаҳри Хуҷанд 293 нафар духтарону занон аз оилаҳои камбизоат соҳиби касб шуданд.

Маркази мазкур 8-уми марти соли 2012 дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мазкур Нигина Аҳмедова хабар дод, дар ин марказ занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон касб меомӯзанд. «Ба онҳо малакаву нозукиҳои касбҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, ороиши мӯй ва ғайра омӯзонида шуда, ҳамчунин занону духтарон забони англисиву форсӣ ва кор бо компютерро азхуд мекунанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, музди меҳнати омӯзгорони марказ дар ҳаҷми 400 сомонӣ аз ҳисоби шахсии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода пардохта мешавад.

«Дар назди Маркази иттилоотиву машваратӣ ҳамчунин ҳуқуқшинос фаъолият дошта, ба занону духтарон дар ҳалли масоили ҳифзи ҳуқуқ ройгон кӯмак мерасонад», – иброз дошт номбурда.

Нигина Аҳмедова ҳамчунин афзуд, ба ин монанд марказҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят таъсис дода шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...