Интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар Эрон дар ДМТ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар Донишгоҳи Теҳронро эълом медорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ДМТ хабар доданд, донишгоҳ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як комиссия таъсис дода, ният доранд, ки тавассути озмун довталабон барои таҳсил дар баклавриатура, магистратура ва докторантураи донишгоҳи мазкурро интихоб намоянд. Комиссия 65 нафар донишҷӯёнро интихоб мекунад, […]

Меҳрангез Турсунзода


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар Донишгоҳи Теҳронро эълом медорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ДМТ хабар доданд, донишгоҳ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як комиссия таъсис дода, ният доранд, ки тавассути озмун довталабон барои таҳсил дар баклавриатура, магистратура ва докторантураи донишгоҳи мазкурро интихоб намоянд. Комиссия 65 нафар донишҷӯёнро интихоб мекунад, ки онҳо ба таври ройгон таҳсил хоҳанд кард.

Соли равон макотиби олии Эрон 250 нафар донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил қабул мекунанд. Дар навбати худ, Тоҷикистон барои таҳсили донишҷӯёни Эрон дар макотиби олии кишвар 250 квота ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.