Ҳ.Зарифӣ аз сафирони як қатор кишварҳо эътимоднома қабул кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз сафирони Руминия, Давлати Ордени Малта ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ этимоднома қабул кард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бо дипломати Руминия Николае Уреке ҷонибҳо нияти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқиро таъкид сохта, ҳамчунин самтҳои мутақобилан судманди роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби […]

Аваз Юлдошев


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз сафирони Руминия, Давлати Ордени Малта ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ этимоднома қабул кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бо дипломати Руминия Николае Уреке ҷонибҳо нияти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқиро таъкид сохта, ҳамчунин самтҳои мутақобилан судманди роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар суҳбат бо сафари Давлати Ордени Малта Фабрисио Франческо Виначия (қароргоҳ дар шаҳри Минск) масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф матраҳ шуданд.

Зимни суҳбати Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Африқои Ҷанубӣ Шириш Манаклал Сони ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуданд. Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Африқои Ҷанубӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.