Маблағгузории ИМА ба наворгирии сериал оид ба ҳуқуқ дар Тоҷикистон

Бо ёрии гранти Шуъбаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии ИМА ва Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиеи Марказӣ (ХАООМ) барномаи 14-моҳа оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва такмили дониш дар соҳаи ҳуқуқ оғоз мегардад. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчӯби ин барнома […]

ASIA-Plus


Бо ёрии гранти Шуъбаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии ИМА ва Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиеи Марказӣ (ХАООМ) барномаи 14-моҳа оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва такмили дониш дар соҳаи ҳуқуқ оғоз мегардад.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчӯби ин барнома филми хунарии иборат аз 10 қисми 40-дақиқагӣ ба навор бардошта, пахш карда мешавад. Филми ҳунарӣ дар бораи зиндагии ҳимоячие, ки дар деҳоти Тоҷикистон зиндагиву кор ва ҳуқуқҳои аҳолии камбизоатро ҳимоя мекунад, ҳикоят. Дар сериал масъалаҳои маъмулии ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла ҳуқуқ ба алиментҳо, ақди никоҳ байни ноболиғон, хушунат дар оила, ҷинояткорӣ байни ҷавонон, ҳуқуқи мерос, нашъаҷаллобӣ, фасод ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Ҳар як қисм аз рӯи ҳодисаҳои воқеӣ, ки ҳуқуқшиносон бо онҳо дучор омадаанд, ба навор гирифта мешавад. Барои ҳам таълимӣ ва ҳам ҷолиб намудани филм дар он ҳунармандони корозмуда ширкат меварзанд. Ҳар як қисм шарҳи қонунҳо ва асосҳои ҳуқуқро дарбар мегирад, ки дар филм инъикос мегарданд.

Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ DVD-ҳоро бо сабти филми ҳунарӣ ба минтақаҳои деҳоти кишвар, ба донишгоҳҳо, мактабҳо, китобхонаҳо ва ба идораҳои хифзи тартиботи ҷамъиятӣ тақсим мекунад ва сериали телевизиониро барои доир намудани муҳокимаҳо дар Донишгоҳи Исломӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истифода мебарад.  Баъди намоиши филмҳо мумайизҳо дар соҳаи ҳуқуқ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносони барномаи ХАООМ «Баробарӣ дар назди қонун. Дастрасӣ ба адолати судӣ» ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ музокирот доир менамоянд, ки дар рафти онҳо донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои дунявӣ ва динӣ оид ба роҳҳои ҳал намудани масъалаҳои дар сериал дарҷёфта мунозира мекунанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии дар сериал овардашударо пешниҳод мекунанд.

Барномаи Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ фаъолияташро баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва расонидани кӯмак ба шаҳрвандон дар дастрасӣ ба адолат дар чорчӯбаи барномаи «Баробарӣ дар назди қонун. Дастрасӣ ба адолати судӣ», ки аз ҷониби Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст ва бо дастгирии Ҳукумати Финляндия соли 2011 оғоз ёфтааст,  мукаммал ва васеъ мегардонад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома медиҳад. Аз соли 1992 ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба маблағи зиёда аз 984 млн. доллари амрикоӣ ба барномаҳои мустаҳкам намудани соҳаҳои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ҷудо кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат