Пешниҳоди талаботи сиёсӣ ҷиҳати ба узвият пазируфтани Тоҷикистон ба СҶС

Дар ҷараёни ба узвият пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо як қатор кишварҳо талаботҳои сиёсӣ пеш мегузоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала хабар доданд, шомил гардидан ба ҳайати ин созмон раванди хеле дуру дароз аст. «Пешравиҳо ҳастанд ва мо тадриҷан ба ҳадаф наздик мешавем, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҷараёни ба узвият пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо як қатор кишварҳо талаботҳои сиёсӣ пеш мегузоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала хабар доданд, шомил гардидан ба ҳайати ин созмон раванди хеле дуру дароз аст. «Пешравиҳо ҳастанд ва мо тадриҷан ба ҳадаф наздик мешавем, – зикр карданд дар вазорати мазкур. – Сарфи назар аз созмони сирф иқтисодӣ будани Созмони ҷаҳонии савдо, як қатор кишварҳо ба мо талаботҳои сиёсӣ пеш мегузоранд Табиист, ки мо ин талаботро иҷро карда наметавонем. Аз ин рӯ, баъзан чунин ҳолатҳо ба дарозо кашидани ин ҷараён боис мегарданд».

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 хоҳиши узвият ба ин созмонро изҳор карда буд. «Тӯли ин солҳо ҳайати ҳукумат ҳашт марҳилаи гуфтушунид дар ин хусусро анҷом дод», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳар як марҳилаи гуфтушунид доир ба ҳамоҳанг сохтани қонунгузории ҷумҳурӣ бо қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат пешниҳоду тавсияҳои нав гузошта мешаванд. «Агар мо ба ин созмон ворид шуданӣ бошем, бояд 155 қоидаҳои умумӣ барои кишварҳои узви созмонро қабул намоем», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манфиатдории Тоҷикистон ҷиҳати узвият ба Созмони ҷаҳони савдо ибрози андеша намуд. Моҳи июни соли 2001 дар робита ба мактуб-дархости ҷумҳурӣ Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии савдо ба кишвар мақоми нозирро дода, роҷеъ ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.