Сомонаи «Азия-Плюс» дар замимаи планшет ва смартфонҳо дастрас аст

Date:


Маводи Оҷонсии иттилоотии«Азия-Плюс» акнун дар замима барои планшет ва смартфонҳо дастрасанд.

Ба маводи иттилоотии оҷонсӣ метавон тавссути замимаи

www.google.com/producer/editions/CAow693TAg/asia_plus

обуна шуд. Дар замима тамоми маводи дар сомонаи «Азия-Плюс» –

www.news.tj

чопшуда, аз ҷумла мақолаву акс ва наворҳои видеоӣ дастрас аст. Иттилоот бо се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.

Ҳамчунин замима барои он қулай аст, ки қатъи дастрасӣ ба сомона дар дохили Тоҷикистон ба он дахл надорад ва аз ин рӯ, барои истифода аз сомона анонимайзер зарур нест. Версияи русии сомонаро

аз инҷо

ва версияи англисии сомонаро

аз инҷо

метавон дастрас нмуд. Ҳарду замимаро метавон комилан ройгон насб кард.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми август бо супориши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон қатъ карда шуд. Корбарони шабакаи Интрнет дар қаламрави Тоҷикистон барои дастрасӣ аз проксисервер ва сайтҳо-анонимайзерҳо истифода мекунанд.

Айни замон идораи ОИ «Азия-Плюс» ҷиҳати аз болои Хадамоти алоқа шикоят бурдан ба суд ҳуҷҷат омода месозад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...