Эҳтимоли имзои Созишнома дар бахши муҳоҷират миёни Тоҷикистону Белорус

Дар шаҳри Минск зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус масоили таҳкими заминаи ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳо дар бахши табодули захираҳои корӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, мулоқот бо мақсади иҷрои вазифаҳо оид […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар шаҳри Минск зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус масоили таҳкими заминаи ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳо дар бахши табодули захираҳои корӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, мулоқот бо мақсади иҷрои вазифаҳо оид ба ташкили низоми ягонаи идораи муҳоҷирати корӣ, истифодаи пурсамари захираҳои корӣ дар хориҷи кишвар ва коркарди механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик созмон дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бобати таҳияи ду лоиҳаи созишномаҳои дахлдор дар бахши муҳоҷират дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо атрофи масоили имкони ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар амалисозии лоиҳаи барқарорсозии шаҳракҳои аграрии Белорус ва омодасозии касбӣ-техникии муҳоҷирон дар муассисаҳои таълимии Белорус табодули назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.