Покистон ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакари арзон мефурӯшад

Ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст, – менависад The Express Tribune. Бино ба маълумоти нашрияи покистонӣ, ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакарро бо арзиши 597,90 $ барои як тонна бифурӯшад ва ин қимат нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ 20 $ поинтар аст, – менависад The Express Tribune.

Бино ба маълумоти нашрияи покистонӣ, ин иқдом дар робита ба дархости нахуствазири Тоҷикистон ба ҳукумати Покистон бобати фурӯши чунин ҳаҷми шакар бо нархи қобили қабул рӯи кор омадааст.

Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар содироти шакар аз Покистон дар соли 2009, санаи 7-уми августи соли равон Кумитаи ҳамоҳангсозии Покистон ба таври истисноӣ дар бораи қонеъ сохтани дархости Тоҷикистон қарор қабул кард. Аммо Тоҷикистон хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли маҳсулотро ба дӯш мегирад.

Айни замон дар бозори дохилии Покистон арзиши як тонна шакар ба 617,90 доллари ИМА баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, шурӯъ аз моҳи июл дар саросари ҷаҳон тамоили афзоиши босуръати нархи шакар ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти созмони мазкур, моҳи июли соли ҷорӣ арзиши шакар дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 12% афзудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.