Роҳбари намояндагии СММ Мавзуна Чориеваро табрик гуфт

Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориеваро барои дарёфти медали биринҷии Бозиҳои олмии Лондон-2012 табрик гуфт. Дар паёми табрикотии А.Зуев, аз ҷумла гуфта мешавад: «Муҳтарам Мавзуна Чориева! Ба намояндагӣ аз кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам шуморо бо баромади олӣ […]

ASIA-Plus


Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориеваро барои дарёфти медали биринҷии Бозиҳои олмии Лондон-2012 табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии А.Зуев, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Муҳтарам Мавзуна Чориева!

Ба намояндагӣ аз кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам шуморо бо баромади олӣ дар Бозиҳои Олимпии Лондон самимона табрик мегўям. Шумо рағбати фавқулодда ба зафар ва омодагии олии ҷнсмонӣ ва руҳӣ нишон додед, ва медали олимпии шумо худ тасдиқи муваффақи ширкати духтарон дар ин намуди варзишҳост, ки маъмулан навъи мардона маҳсуб буданд. Ин нукта муҳим аст, ки бо намоиши бокси зебову ҷаззоб шумо бештар аз ҳама тавонистед, ки назарҳои стереотипии ҷинсиро дар мавриди иштироки духтарон дар варзиш барҳам занед.

Бо истифода аз маврид мехоҳам, садоқати СММ ба идеалҳои нақши бузурги созандагӣ доштани варзиш дар ҳаёти башариро, хотирнишон созам. Тоҷикистон яке аз панҷ кишвар дар ҷаҳон аст, ки гранти Раёсати Варзиш СММ барои рушду сулҳ ва ҷалби духтаронро ба варзиш дар кишвар, гирифтааст. Байни тими кишварии СММ, ки ҳама ожонсиҳои СММ-ро намояндагӣ мекунад ва федерацияҳоии миллии теквандо ва футболи Тоҷикистон, соли 2012, ёддошти тафоҳуми сеҷониба дар мавриди таъмини муҳити созгор барои рушди варзиши занона ва иштироки мусовии духтарон ва занони ҷавон дар варзиш ва ҳаёти иҷтимоии кишвар имзо шудааст.

Ба шумо тамдиди муваффақи кашфи қуллаҳои варзиширо хоҳонам, ва дар чеҳраи шумо аз ҳама духтарони Тоҷикистон, ки ба варзиш машғуланд самимона пуштибонӣ мекунам. Варзиш арзиши умумибашарист, ҷои хушист, ки духтарону ҷавонон, мардону занон дар Тоҷикистон ояндаи худро ҳар чӣ бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ тавъам мебинанд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.