Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон қариб 38% коҳиш ёфт

Date:


Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 201,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 ҳазор тонна камтар аст.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ин миқдор коҳиш ёфтани воридоти маҳсулоти нафтиро ба афзоиши истифодаи гази моеъ нисбат медиҳанд.

Бино ба маълумоти вазорат, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 89,3 ҳазор тонаашро бензин, 63 ҳазор тоннашро сӯзишвории дизелӣ, 29 ҳазор тоннашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, 5,3 ҳазор тоннашро мазут, 7 ҳазор тоннашро битум ва 6,9 ҳазор тоннашро равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳанд.

Русия то ҳанӯз дар рӯйхати кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон пешсаф боқӣ мемонад, вале ба таври назаррас мавқеашро аз даст дода истодааст. Соли равон ҳиссаи Русия дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба 59,5% (119,9 ҳазор тонна) баробар аст. Соли гузашта ҳиссаи Русия аз ин миқдор 24% зиёдтар буд.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон дар ҳоли афзоиш аст. Аз оғози сол аз ин кишвар 43,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки 21,7% (соли гузашта 11,3%)-и ҳиссаи бозорро ташкил медиҳад. Дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 7 моҳи соли равон аз ин кишвар ба Тоҷикистон 15 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки 7,9%-и бозорро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз Қазоқистон 9,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки ба 4,8%-и ҳиссаи бозор баробар аст.

Ҳамчунин ба рӯйхати кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Ӯзбекистон, Белорус, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо низ шомиланд. Аз оғози сол қимати маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна ба миқдори 176 $ (18%) афзуда, айни замон 1 ҳазору 144 $ барои як тоннаро ташкил медиҳад. Феълан арзиши  1 тонна бензин (то марзи Тоҷикистон) 1 ҳазору 151 $-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 225 $ зиёдтар мебошад. Имрӯз қимати як тонна сӯзишвории дизелӣ ба 1 ҳазору 16 $ (нисбат ба соли гузашта 134 $ зиёдтар) ва сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо ба 1 ҳазору 341 $ (нисбат ба соли гузашта 215 $ зиёдтар) баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, аз оғози сол ба ҷумҳурӣ 43,9 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардидааст, ки дар муқоиса то моҳи январи соли 2012 ба андозаи 20,5 ҳазор тонна (88%) бештар мебошад.

Воридкунандаи асосии гази моеъ ба ҷумҳурӣ Қазоқистон буда, арзиши яклухти ин навъи сӯзишворӣ 692 $-ро ташкил медиҳад.

Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории пойтахт арзиши 1 литр гази моеъ ба 2,30 сомонӣ баробар аст. Соли равон нуқтаҳои фурӯши гази моеъ аз 510 то ба 526 адад зиёд карда шуданд. Шаш ширкат воридкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон мебошанд, ки миёни онҳо метавон «Зет газ», «Муҳаммад Пӯлод» (вилояти Суғд), «Газпром нафт – Тоҷикистон», «Фароз» ва «Тоҷирон»-ро ном бурд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...