Эълони «Ҳафтаи нархҳои арзон» дар яке аз бозорҳои Кӯлоб

Дар яке аз бозорҳои марказии ҷамоати сераҳолии Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба муносибати моҳи шарифи Рамазон «Ҳафтаи нархҳои арзон» эълон шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бозори мазкур Меҳриддин Сироҷов хабар дод, дар пешгирии ин иқдом аз ҷониби ҳукуматдорон ҳеҷ супорише нашуда, пас аз намози ҷумъа ибодаткунандагони масҷид чунин тасмим гирифтаанд. «Аксари ибодаткунандагони масҷиди маҳаллӣ дар […]

Турко Дикаев


Дар яке аз бозорҳои марказии ҷамоати сераҳолии Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба муносибати моҳи шарифи Рамазон «Ҳафтаи нархҳои арзон» эълон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бозори мазкур Меҳриддин Сироҷов хабар дод, дар пешгирии ин иқдом аз ҷониби ҳукуматдорон ҳеҷ супорише нашуда, пас аз намози ҷумъа ибодаткунандагони масҷид чунин тасмим гирифтаанд. «Аксари ибодаткунандагони масҷиди маҳаллӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фаъолият машғул буда, дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳеҷ мушкилоте ба назар намерасад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, давоми ҳафта дар ин бозор қимати гӯшт на зиёдтар аз 27 сомонӣ, биринҷ – 5 сомонӣ, пиёз – 1 сомонӣ, сабзӣ – 2 сомонӣ, помидор – 2 сомонӣ, бодиринг – 1 сомонӣ ва картошка – 1,8 сомонӣ хоҳад буд.

«Ин нархҳо аз нархҳои бозор ба андозаи 20-40% поинтаранд», – зикр кард М.Сироҷов ва илова намуд, ки имрӯзҳо ба бозори Даҳана ҳамчунин сокинони шаҳри Кӯлоб низ бештар рӯ меовардагӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.