Кадрҳои тозатаъини мақомоти судӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 105 нафар кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот фармони президенти Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ, бо фармон президент 42 нафар […]

Аваз Юлдошев


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 105 нафар кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот фармони президенти Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ, бо фармон президент 42 нафар коромӯзони соҳа бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда шуданд, ки 13 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Ҳамагӣ 24 нафар занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ таъин шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, 63 нафар кадрҳои роҳбарӣ ва судяҳои мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Темурмалик, Носири Хусрав, Сарбанд, Қумсангир, Ваҳдат, Роғун, Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо онҳо аз воқеаҳои нангини ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани худи кормандони суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, аҳли нишастро ба кори содиқонаю софдилона, риояи адолати судӣ ва сазовор будан ба боварию эътимоди роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми кишвар ҳидоят намуд. «Вазифа бо амру фармон дода мешавад, вале соҳиби обурӯ ва ҳурмату эҳтиром шудан танҳо ба кирдору рафтор ва муносибату муоширати худи соҳибмансаб вобаста аст», – таъкид дошт сарвари давлат. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.