Дар Тоҷикистон 88%-и аҳолӣ рӯзадор мебошанд

Бино ба маълумоти назарсанҷии Маркази таҳқиқотии Pew, аз аҳолии мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон 88%-ашон дар моҳи Рамазон рӯза гирифта, 66%-и пурсидашудагон изҳор карданд, ки закот медиҳанд. Миёни пурсидашудагон 50% тасдиқ намудаанд, ки ислом дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дошта, 42%-и онҳо ҳамрӯза намоз мехонанд ва 30%-и пурсидашудагон ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мераванд. Қобили зикр […]

ASIA-Plus


Бино ба маълумоти назарсанҷии Маркази таҳқиқотии Pew, аз аҳолии мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон 88%-ашон дар моҳи Рамазон рӯза гирифта, 66%-и пурсидашудагон изҳор карданд, ки закот медиҳанд.

Миёни пурсидашудагон 50% тасдиқ намудаанд, ки ислом дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дошта, 42%-и онҳо ҳамрӯза намоз мехонанд ва 30%-и пурсидашудагон ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мераванд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пардохти закот аз даромади 3 ҳазору 480 доллари ИМА 87 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, миёни пурсидашудагон дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон маълум шудааст, ки 50%-и аҳолӣ рӯзадор буда, 73% закот пардохт мекардаанд ва 18% ҳамарӯза намоз хонда, 9%-и аҳолӣ ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мерафтаанд.

Дар Қазоқистон 4%-и аҳолӣ ҳамарӯза панҷ вақт намоз хонда, 10% ҳар ҳафта намози ҷумъаро адо мекардаанд ва 36%-и аҳолӣ закот пардохт намуда, ҳамагӣ 36% рӯзадор будаанд.

Гуфта мешавад, мутобиқи шумори мусулмонони муқими давлатҳо Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд Бино ба гузориши портали иттилоотии туркии HaberVaktim, дар Тоҷикистон 6 млн. 805 ҳазору 330 нафар пайрави мазҳаби исломанд, ки 95%-и аҳолиро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои ин портал, аз ҷиҳати шумори мусулмонон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи якум қарор дошта, дар он 23 млн. 897 ҳазору 563 нафар (89%-и аҳолӣ) мусулмонон зиндагӣ доранд. Дар Қазоқистон 7 млн. 131 ҳазору 346 нафар (47%-и аҳолӣ) пайравони мазҳаби исломӣ ба сар бурда, дар минтақа ин кишвар зинаи дуюмро касб кардааст. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Туркманистон дар мавқеи чорум қарор дошта, дар он 4 млн. 407 ҳазору 352 нафар (89%-и аҳолӣ) мусулмонон иқомат доранд. Дар Қирғизистон шумори мусулмонон ба 4 млн 117 ҳазору 24 нафар (80%-и аҳолӣ) баробар буда, он дар мақоми панҷум қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.