Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Русия оид ба сӯзишворӣ

Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия оид ба бекор кардани боҷи содиротии гумрукӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон тирамоҳ идома меёбанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, гуфтушунидҳо дар ин хусус дар сатҳи олӣ доир гардида, то ахири сол ба мувофиқа расидан дар ин масъала аз эҳтимол дур нест. «Агар Тоҷикистону Русия […]

Заррина Эргашева


Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия оид ба бекор кардани боҷи содиротии гумрукӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон тирамоҳ идома меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, гуфтушунидҳо дар ин хусус дар сатҳи олӣ доир гардида, то ахири сол ба мувофиқа расидан дар ин масъала аз эҳтимол дур нест.

«Агар Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расанд, аз аввали соли 2013 сӯзишвории Русияро мо метавонем бо меъёри пеш аз ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ, яъне бо меъёри сифр дастрас намоем», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, дар куҷо доир гардидани гуфтушунидҳо дар ин бора ҳанӯз мушаххас нест, вале эҳтимол меравад, ки ин гуфтушунидҳо миёни нафарони аввал ё дуюми кишварҳо баргузор шавад. «Агар Тоҷикистонро аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ ба маҳсулоти нафтӣ озод кунанду сӯзишвории Русия бо меъёри боҷи гумрукии баробар ба сифр дастрас гардад, ин омил ба поинравии назарраси нархҳо ба бензин ва дигар навъи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд»,- афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, ҳаҷми боҷи содиротӣ ба нафти Русия аз моҳи сентябри соли равон метавонад 393,8 $ барои 1 тоннаро ташкил диҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи август 57,2 $ зиёдтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.