Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону БРСММ

Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаноби Норимаса Шимомура ва мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Келли Чарлз мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаноби Норимаса Шимомура ва мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Келли Чарлз мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Ш.Раҳимзода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Барномаи рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар навбати худ, Н.Шимомура бо арзи сипосу арҷмандӣ аз пазироӣ қайд кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва саривақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, ҷаноби Норимаса Шимомура аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкили Низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.