Расул Боқиев барои шикаст дар Олимпиада маъзарат хост

Варзишгари риштаи дзюдои дастаи олимпии Тоҷикистон Расул Боқиев барои шикаст дар Бозиҳои олимпии Лондон аз ҳамватанон маъзарат хост. «Пеш аз марг падарам маро ба дастоварди хуб ноил гардидан дар Олимпиада ҳидоят намуда буд, вале тақдир набудааст», – гуфт варзишгар. «Дар оилаи мо ҳама варзишгаранд ва ман ҳамеша орзуи иштирок дар Бозиҳои олимпиро доштам. Соли 2008 […]

Меҳрангез Турсунзода


Варзишгари риштаи дзюдои дастаи олимпии Тоҷикистон Расул Боқиев барои шикаст дар Бозиҳои олимпии Лондон аз ҳамватанон маъзарат хост.

«Пеш аз марг падарам маро ба дастоварди хуб ноил гардидан дар Олимпиада ҳидоят намуда буд, вале тақдир набудааст», – гуфт варзишгар.

«Дар оилаи мо ҳама варзишгаранд ва ман ҳамеша орзуи иштирок дар Бозиҳои олимпиро доштам. Соли 2008 ин тақдир насиб гашта, ман дар Олимпиадаи Пекин ба дастоварди назаррас ноил гардидам, вале зимни тамринҳо дар Фаронса, ки аз соли 2009 шурӯъ шуда буданд, ман аз дасту зонуҳоям каме ҷароҳат бардошта, дар аксари тамринҳои баъдиву мусобиқот ширкат варзида натавонистам. Дар ин Олимпиада ман тамоми маҳоратамро истифода бурдам, вале тақдир чунин будааст», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Расул Боқиев ҳамчунин гуфт, минбаъд ният дорад, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои Осиё ширкат варзад. «Дастёбӣ ба медали тилло ҳадафи ману орзуи падарам аст ва агар Расул Боқиев ба он муваффақ нагардад, ман шогирдонамро омода сохта, орзуи падарамро ҷомаи амал мепӯшонам», – афзуд варзишгар.

Мавзуна Чориева, ягона ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон аз дастаи Тоҷикистон аз шумори хеле ками варзишгардухтарон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки мебояд ҳарчӣ бештар духтаронро ба варзиш ҷалб кард.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев зикр кард, ки синнусоли 13 нафар варзишгарони дастаи олимпии ҳозира 22-23 соларо ташкил дода, ҳадди ақал 10 нафари онҳо қодиранд, ки дар Бозиҳои олимпии навбатӣ ширкат варзанд ва ин барои дастаи Тоҷикистон имконоти хеле хуб барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас аст.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои XXX-уми олимпии Лондон-2012 16 нафар варзишгарони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гӯштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод) ва Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) буданд.

Дар ин мусобиқот танҳо ба Мавзуна Чориева муяссар шуд, ки барои Тоҷикистон як медали биринҷӣ ба даст орад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.