Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо иди саиди Рамазон табрик гуфт. Дар паёми табрикотии худ сарвари давлат зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон мардуми мо ба дину ойинҳои аҷдодии худ ҳамчун сарчашмаи поки ахлоқиву маънавӣ рӯ оварда, ба суннату анъанаҳои дини мубини ислом озодона арҷ мегузоранд. «Бинобар […]

ASIA-Plus


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо иди саиди Рамазон табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии худ сарвари давлат зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон мардуми мо ба дину ойинҳои аҷдодии худ ҳамчун сарчашмаи поки ахлоқиву маънавӣ рӯ оварда, ба суннату анъанаҳои дини мубини ислом озодона арҷ мегузоранд.

«Бинобар ин, мо идҳои Рамазону Қурбонро ба феҳристи идҳои миллӣ ворид кардаем ва имрӯз тамоми мардуми мусулмони кишварамон ин маросиму суннатҳои миллиро дар иҳотаи аҳли хонавода, хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон таҷлил менамоянд», – гуфт ӯ.

Дар паёми табрикоти сарвари давлат қайд мешавад, ки арзишу фазилатҳои моҳи Рамазон инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунанд ва аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон гуфтаанд.

Дар паём изҳор гардид, ки мардуми кишвар бояд сабақу оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвндиро дар хотир дошта, набояд ҳаргиз фаромӯш созанд, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ бар ивази чӣ қадар талафоту хисороти ҷониву молӣ ба даст омадааст.

Ҳамчунин дар паём Эмомалӣ Раҳмон аз афроди дорову сарватманд даъват ба амал овард, ки дар иди Рамазон ба қишри иҷтимоии осебпазири ҷомеа дастӣи ёрӣ дароз намоянд.

Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, иди Рамазон дар Тоҷикистон санаи 19-уми август таҷлил мегардад. Соати 7-у 30 дақиқаи субҳ дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.