Тақдими манзили сеҳуҷрагӣ дар пойтахт ба Мавзуна Чориева

Дар ҷашни табрики дастаи олимпичиёни Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар «Боғи пойтахт»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мақомоти шаҳрдорӣ ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе тақдим мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ба Мавзуна Чориева дар яке […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷашни табрики дастаи олимпичиёни Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар «Боғи пойтахт»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мақомоти шаҳрдорӣ ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе тақдим мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ба Мавзуна Чориева дар яке аз манзилҳои баландошёна дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ манзили зист ҷудо гардид.

«Раиси пойтахт аз адибону шоирони кишвар даъват кард, ки дар пайравӣ ба шоири бузурги форсу тоҷик Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ қаҳрамонии тоҷикдухтар Гурдофаридро бомаҳорат васф намудааст, ба ифтихори Мавзуна Чориева низ достоне биофаранд», – зикр кард Ш.Саидов ва илова намуд, ки М.Убайдуллоев ваъда кард, ки муаллифи достони беҳтарин дар бораи Мавзуна қадрдонӣ хоҳад шуд.

Дар ин чорабинӣ бо иштироки дастаи олимпии Тоҷикистон ва сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик раиси пойтахт ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки ба ифтихори онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ парчами кишвар парафшонӣ мекунад, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.