Сафорати ИМА тоҷикистониёнро бо иди Рамазон табрик гуфт

Date:


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро бо фарорасии иди Рамазон табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии худ кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Сера Пенҳун изҳор кардааст, ки «аз номи сафорати  ИМА ва мардуми Амрико мехостам ба мардуми Тоҷикистон иди саиди Фитрро муборакбод гӯям».

Дар идомаи паём зикр мегардад, ки чун моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад, ҳама бо наздикон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон ба ҳам омада, ин идро таҷлил мекунанд.

«Ба муносибати ин рӯзи шариф, иҷозат диҳед, андешаи худро оид ба арзишҳои муштараки эътиқод, саховат ва таҳаммулпазирӣ иброз намоям. Лутфан, беҳтарин тамманиёти моро барои ояндаи дурахшон, осуда, обод ва хушбахт қабул намоед», – изҳор доштааст Сера Пенҳун.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...