Дар Кӯлоб ба пешвози М.Чориева барномаи мукаммали идона омода шуд

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои пешвози дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева як барномаи мукаммали идона омода кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ хабар дод, дар Кӯлоб ҳанӯз аз замони ба медали биринҷӣ соҳиб гардидани Мавзуна Чориева дар Лондон ба омодагӣ оғоз карданд. «Дар даромадгоҳи […]

Меҳрангез Турсунзода


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои пешвози дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева як барномаи мукаммали идона омода кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ хабар дод, дар Кӯлоб ҳанӯз аз замони ба медали биринҷӣ соҳиб гардидани Мавзуна Чориева дар Лондон ба омодагӣ оғоз карданд.

«Дар даромадгоҳи шаҳр Мавзуна Чориеваро намояндагони ҳукумати шаҳр бо аҳли ҷомеа пешвоз гирифта, то манзилаш ҳамроҳӣ мекунанд», – зикр кард вай.

Ба иттилои манбаъ, дар идома ба ифтихори Мавзуна Чориева бо иштироки сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам ва дигарон консерти идона доир мегардад.

«Ҳамчунин худи ҳамин рӯз ба Мавзуна Чориева супурдани калиди манзили панҷҳуҷрагӣ аз номи аз ҳукумати шаҳр дар назар аст», – изҳор кард С.Фаррухшоҳ.

Зикр гардид, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ нақшаи вохӯриҳои Мавзуна Чориева бо ҷавонони шаҳр, донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро таҳия намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.