Оғози корҳои иловагии сейсмикии Tethys Petroleum дар Тоҷикистон

Date:


Ширкати Tethys Petroleum, ки ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон машғул аст, ахири моҳи август оғози корҳои иловагии сейсмикӣ дар майдонҳои нафтугаздори шаҳри Душанбе ва водии Вахшро ба нақша гирифтааст.

Корҳои мазкур бо мақсади муайян кардани ҷойи пармакунии чоҳи нахустин, ки аввали соли оянда шурӯъ мешавад, сурат мегиранд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, аксари таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои ин корҳо ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд.

«Таҳлили аввал, ки ахири соли 2011 ба итмом расида буд, як қатор минтақаҳои ояндадори ҷолибро ошкор намуд. Корҳои иловагии сейсмикии мазкур маҳз дар ин минтақаҳо сурат гирифта, ба ҷамъоварии маълумоти ниҳоӣ барои барномаи комплексӣ кӯмак мекунанд», – гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Дар иттилои ширкат таъкид мегардад, ки марҳилаи ниҳоии барномаи сейсмикӣ аз ҷамъоварии маълумоти нави сейсмикӣ дар ду минтақа – шаҳри Душанбе ва водии Вахш иборат аст.

«Барнома маҳз барои ин минтақаҳо таҳия гардид, зеро таҳқиқот ошкор сохт, ки онҳо яқинан минтақаҳои ояндадор буда, яке аз майдонҳои пурмаҳсултттарин дар ҳавзаи Амударёро ташкил хоҳанд дод. Аммо дар ин минтақаҳо то ҳанӯз ҳеҷ як чоҳе парма нагардидааст», – омадааст дар иттилои ширкат. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...