Оғози корҳои иловагии сейсмикии Tethys Petroleum дар Тоҷикистон

Ширкати Tethys Petroleum, ки ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон машғул аст, ахири моҳи август оғози корҳои иловагии сейсмикӣ дар майдонҳои нафтугаздори шаҳри Душанбе ва водии Вахшро ба нақша гирифтааст. Корҳои мазкур бо мақсади муайян кардани ҷойи пармакунии чоҳи нахустин, ки аввали соли оянда шурӯъ мешавад, сурат мегиранд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати Tethys Petroleum, ки ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон машғул аст, ахири моҳи август оғози корҳои иловагии сейсмикӣ дар майдонҳои нафтугаздори шаҳри Душанбе ва водии Вахшро ба нақша гирифтааст.

Корҳои мазкур бо мақсади муайян кардани ҷойи пармакунии чоҳи нахустин, ки аввали соли оянда шурӯъ мешавад, сурат мегиранд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, аксари таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои ин корҳо ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд.

«Таҳлили аввал, ки ахири соли 2011 ба итмом расида буд, як қатор минтақаҳои ояндадори ҷолибро ошкор намуд. Корҳои иловагии сейсмикии мазкур маҳз дар ин минтақаҳо сурат гирифта, ба ҷамъоварии маълумоти ниҳоӣ барои барномаи комплексӣ кӯмак мекунанд», – гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Дар иттилои ширкат таъкид мегардад, ки марҳилаи ниҳоии барномаи сейсмикӣ аз ҷамъоварии маълумоти нави сейсмикӣ дар ду минтақа – шаҳри Душанбе ва водии Вахш иборат аст.

«Барнома маҳз барои ин минтақаҳо таҳия гардид, зеро таҳқиқот ошкор сохт, ки онҳо яқинан минтақаҳои ояндадор буда, яке аз майдонҳои пурмаҳсултттарин дар ҳавзаи Амударёро ташкил хоҳанд дод. Аммо дар ин минтақаҳо то ҳанӯз ҳеҷ як чоҳе парма нагардидааст», – омадааст дар иттилои ширкат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.