Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон»-и душанбегиҳо бо раиси шаҳр

Date:


Ин замон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад. Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон», ки бо ташаббуси худи Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт, дар маркази равобити «Пойтахт» ҷараён дорад.

Тайи ду ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар сокинони пойтахт дар саҳифаи раиси пойтахт дар шабакаи Facebook сабтином гардиданд. Бо дархости раиси шаҳри Душанбе сокинон мувофиқи имкон қаблан суолҳои худро ба саҳифаи чорабинӣ ирсол намуданд, то ки ӯ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони сохторҳои салоҳиятнок ба онҳо посухҳои ҳамаҷонибаву қаноатбахш омода созад.

Дар ҳамин ҳол, барои касоне, ки ба иштирок дар ин вохӯрӣ имкон надоранд, дар сомонаи

http://www.mometavonem.tj/video/

пахши видеоии вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуотии раиси пойтахт қаблан хабар дода буданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор намудани вохӯриро барои табодули афкор ва баррасии масоили муҳими шаҳрдорӣ, мушкилоти мавҷуда ва посух ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа пешниҳод намуда буд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили амалисозии Нақшаи генералии шаҳр, бартараф кардани манзилҳои истиқоматии фарсудаву кӯҳна, симои ояндаи пойтахт, вазъи роҳҳои мошингарди шаҳр ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, лоиҳаи инноватсионии шаҳрии Mometavonem.tj ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалияи мардум таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...