Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Шоми рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи корӣ ба Туркманистон сафар кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, вазири энергетика ва саноат […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи корӣ ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саидов, директор оид ба молия ва тиҷорати КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Шералӣ Кабиров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Субҳи имрӯз дар Ашқобод гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи олӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои як манбаи ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов маосили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан батасвибрасида миёни кишварҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳамчунин дар ҳузури онҳо як баста созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.