Содироти маҳсулоти МОИ «Суғд» ба Чину Русия ва Қазоқистон

Date:


Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» маҳсулоти худро ба кишварҳои Чину Русия ва Қазоқистон содирот карданианд.

Дар маъмурияти МОИ «Суғд» хотиррасон намуданд, ки корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» аллакай содироти маҳсулот ба Афғонистонро ба роҳ мондааст.

Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Яқубов, то охири сол содироти маҳсулот ба минтақаҳои Қазоқистон ва Русия ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин пешниҳоди маҳсулоти рангмоливу локӣ ба Чин дар назар аст. «Дар ин самт корхонаи муштараки «Стар Пласт» ва ҶДММ «Равзана Пластик» фаъолият дошта, то охири сол масъалаи содироти қубур ба Қирғизистон ва сохторҳои пластикӣ барои дару тиреза ба Афғонистон ҳаллу фасл мешавад», – гуфт вай.

А.Яқубов зикр кард, ки феълан ҳафт субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба тавлиди маҳсулот шурӯъ карда, дар минтақа ба сурати умум 18 субъект ба қайд гирифта шудааст. «Дар аксари субъектҳо корҳои сохтмону барқароркунӣ идома дошта, технология ва таҷҳизоти муосир фармоиш дода мешаванд», – изҳор дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон ширкатҳои «Равзана Пластик» ва «Некон» ба кор шурӯъ карда, дар заминаи корхонаи муштараки «Стар пласт» ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли қубурҳои пластикӣ се хатти нави технологӣ ба истифода дода шудаанд. «Ғайр аз ин, истеҳсоли контейнерҳо барои нигоҳдории сабзавоту мева ва зарфҳо барои захираи ранг ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» истеҳсоли колерҳо (илова ба рангҳо)-и анвоъи гуногун оғоз гардид», – зикр кард А.Яқубов.

Роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» афзуд, дар зарфи 7 моҳи соли равон корхонаҳои МОИ «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...