Даргузашти сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Имрӯз дар шаҳри Боку сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Ахири моҳи август Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Сафир ба шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шуда, табибон вазъи солимии […]


Имрӯз дар шаҳри Боку сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ахири моҳи август Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Сафир ба шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шуда, табибон вазъи солимии Зокир Вазировро, ки инсулт (сактаи майна)-ро аз сар гузаронид, вазнини миёна арзёбӣ карда буданд.

Аз департаменти ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон вазифаи кордори муваққатии умури Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба зиммаи мушовири сафорат Зоҳир Саидов вогузор шудааст.

Зокир Вазиров бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд. То ин дам ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҶТ (аз моҳи декабри соли 2006), вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ (аз моҳи феврали соли соли 2005) ифои вазифа намуда, аз соли 1998 то соли 2005 мутобиқи квотаи 30 дарсадаи ҷудошуда ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ба сифати муовини нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.