Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ғарқшудаи оилаи Ғафуровҳо идома дорад

Date:


Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои оилаи Ғафуровҳо, ки рӯзи 26-уми август бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ғарқ шуданд, ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омдгаии наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ҶТ полковник Олег Пилкевич хабар дод, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии амалиёти наҷотдиҳӣ, дар дарёҳое, ки сатҳи ҷоришавии оби он аз ду метр дар як сония зиёдтар аст, ғаввосон корҳои наҷотдиҳӣ гузаронида наметавонанд. «Сатҳи ҷоршавии об дар рӯдхонаи Фондарё бошад, бамаротиб зиёдтар аст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки рӯдхона дар муддати 20-15 рӯз худаш ҷасадҳои фавтидаро канори соҳил меафканад. «Шурӯъ аз рӯзи рух додани фоҷеа соҳилҳои рӯдхонаҳои Фондарё ва Зарафшон таҳти мушоҳидаи мунтазами наҷотдиҳандагони кумита қарор доранд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, бо дархости хешовандони оилаи Ғафуровҳо сокинони деҳоти наздисоҳилии ноҳияҳои Айниву Панҷакент низ ба ҷустуҷӯ пайвастаанд.

Ёдрас мекунем, ки садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳо фавтиданд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», саробони оила Даврон Ғафурови 36-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи «Мерседес»-и оилаи Ғафуровҳо ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ҳамаи аъзои оилаи Ғафуровҳо ғарқ шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...