IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявӣ дар Душанбе

Аз 15-уми сентябр то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе IT-мактаби ройгони Маркази технологияҳои молиявӣ баргузор мешавад. IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявӣ лоиҳаи омӯзишӣ барои такмили тахассуси IT-мутахассисон дар соҳаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои бозори молиявӣ аст. Татбиқи лоиҳа соли 2007 дар Маскав оғоз ва дар шаҳрҳои Сакнт-Петрбург, Қазон ва Новосибирск доир гардидааст. Феълан садҳо хатмкунандагони ин […]

ASIA-Plus


Аз 15-уми сентябр то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе IT-мактаби ройгони Маркази технологияҳои молиявӣ баргузор мешавад.

IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявӣ лоиҳаи омӯзишӣ барои такмили тахассуси IT-мутахассисон дар соҳаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои бозори молиявӣ аст. Татбиқи лоиҳа соли 2007 дар Маскав оғоз ва дар шаҳрҳои Сакнт-Петрбург, Қазон ва Новосибирск доир гардидааст. Феълан садҳо хатмкунандагони ин мактаб дар Маркази технологияҳои молиявӣ ва бонкҳои бузургтарини Русия ва кишварҳои узви ИДМ муваффақона фаъолият доранд.

Бино ба маълумоти Маркази технологияҳои молиявӣ, таҳсил ба хатмкардагони мактаб дар муайян кардани вазъи молиявии худ дар бозори меҳнат, пайдо кардани шуғли мунтазам ва шоиста, афзун кардани донишу малака дар бахши технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионии молиявӣ имкони хуб фароҳам месозад.

Дар машғулиятҳои IT-мактаб метавон ҳангоми машғул будан ба кор низ иштирок кард, зеро таълим ба таври фосилавӣ сурат гирифта, санҷишҳо дар вақти берун аз кор гузаронида мешаванд. Таҷрибаи таҳияи таъминоти барномавии тиҷоратӣ ҳатмӣ нест. Қабул ба мактаб тавассути озмун дар асоси аризаҳои воридшуда баргузор мегардад. Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявиро метавон

аз ин суроға

дарёфт намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.