Пуштибонии ИА аз баргузории ташхиси мустақили лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун

Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди баргузории ташхиси мустақили байнулмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро дастгирӣ мекунад, – изҳор доштааст роҳбари дипломатияи ИА Кэтрин Эштон. «Намояндаи воломақоми ИА (оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният) аз кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи таъмини баргузории ташхиси мустақили фаннии лоиҳаи пешниҳодшудаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ намуда, бесаброна […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди баргузории ташхиси мустақили байнулмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро дастгирӣ мекунад, – изҳор доштааст роҳбари дипломатияи ИА Кэтрин Эштон.

«Намояндаи воломақоми ИА (оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният) аз кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи таъмини баргузории ташхиси мустақили фаннии лоиҳаи пешниҳодшудаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ намуда, бесаброна натоиҷи онро интизор аст», – гуфта шудааст дар иттилоияи воридшуда ба хабаргузории РИА «Новости».

Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин аз доир кардани «таҳқиқоти иловагии воситаҳои алтернативии таъмини амнияти энергетикӣ барои минтақа» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ истиқбол карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мухолифи сарсахти сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аст. Имконоти фаннӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии он чандин маротиба санҷида шуда, ягон маротиба баҳои манфӣ нагирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.