Баррасии имкони сармоягузории Бунёди Оғохон ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар Хатлон

Date:


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Фонди Оғохон бо сардории Лутаф Қассам ва Озодхон Давлатшоев баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла ташкил намудани корхонаҳои дузандагӣ, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ (саноатӣ), истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, сохтмони як адад НБО-и хурд (1:2 мВт) дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои вобаста ба АТИ-и НБО-ҳои Санобод ва Себзор ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ қайд намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди энергетикӣ, ашёи кишоварзӣ буда ин барои коркарди онҳо дар корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, инчунин иброз гардид, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд дар ин ва самтҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҷаноби Лутаф Қассам оид ба мавҷуд будани заминаҳои мусоид барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...