Раиси пойтахт тафтишоти мунсифонаи сӯхтори «Корвон»-ро ваъда кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди тоҷирони ҷамъомадаи бозори «Корвон» суханронӣ намуд. Ӯ изҳор кард, ки барои таъсиси комиссия аз ҳисоби роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Бонки миллӣ ва мақомоти раҳбарии Ассотсиатсияи соҳибкорон ҷиҳати муайян кардани маблағи зарар супориш хоҳад дод ва аз ҷамъомадагон даъват кард, ки намояндаашонро мустақилона ба ҳайати комиссия шомил бисозанд. […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди тоҷирони ҷамъомадаи бозори «Корвон» суханронӣ намуд.

Ӯ изҳор кард, ки барои таъсиси комиссия аз ҳисоби роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Бонки миллӣ ва мақомоти раҳбарии Ассотсиатсияи соҳибкорон ҷиҳати муайян кардани маблағи зарар супориш хоҳад дод ва аз ҷамъомадагон даъват кард, ки намояндаашонро мустақилона ба ҳайати комиссия шомил бисозанд. Убайдуллоев ваъда кард, ки тафтишоти қазияи сӯхтори «Корвон» мунсифонаву шаффоф сурат гирифта, ӯ онро таҳти назорати шахсӣ қарор хоҳад дод.

Раиси пойтахт чандин маротиба хотиррасон намуд, ки тоҷирон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ набуда, ҳеҷ кадоме аз онҳо бо маъмурияти бозор шартнома надорад.

М.Убайдуллоев ваъда кард, ки муҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби тоҷирон гирифташуда ду сол тамдид гардида, бозор бидуни истифодаи маблағҳои тоҷирон дубора сохта мешавад.

Қобили зикр аст, ки издиҳоме, ки ба маркази пойтахт равона буд, дар назди «Тоҷиктекстил» боздошт ва дубора ба бозор баргардонида шуд. Тоҷиронеро, ки раҳпаймоӣ то марказро идома доданӣ буданд, кормандони милиса боздошта, бо автобусҳо ба бозори «Корвон» фиристоданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, бар асари сӯхтор дар бозори «Корвон» як нафар ҳалок ва се тан ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шоҳидони ҳодиса ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадди ақал се нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари тоҷирон кӯшидаанд, ки аққалан чизе аз амволро наҷот диҳанд ва шумори фавтидагону осебдидагон ҳанӯз мушаххас нест. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.