Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Маскав

Дар шаҳри Москва, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҷлил гардид. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Россия, дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон – сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Москва, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҷлил гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Россия, дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон – сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш. Москва, роҳбарону намояндаҳои ниҳодҳои расмии Федератсияи Россия, аз ҷумла роҳбарону кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, тоҷикистониёни муқими Россия, сарварону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари иқомат, кормандони расонаҳои хабариро пешвоз гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев аз раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолият, аҳамияти он пас аз 11 асри бедавлатӣ, мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ёриву мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳи Мустақил (ИДМ) ва бахусус Федератсияи Россия ёдовар шуд.

Сипас Андрей Иванович Денисов – муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия ҳамаи тоҷикистониёнро бо 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ аз душвориҳо ва гирудорҳои солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон, саъю кӯшишҳо ҷиҳати ба эътидол овардани авзоъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр кард: «Маҳз хиради таърихии мардуми тоҷик бойис шуд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад».

Дар анҷоми маросим ба ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.