Дар Душанбе ҳашт майдони варзишӣ ба истифода дода мешавад

Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе 8 майдони муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки масоҳати умумии он 10 ҳазор метри мураббаъ ва маблағи хароҷоташ беш аз 4  млн. сомониро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ин майдонҳо дар ҳудуди шаҳраку […]

ASIA-Plus


Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе 8 майдони муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки масоҳати умумии он 10 ҳазор метри мураббаъ ва маблағи хароҷоташ беш аз 4  млн. сомониро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ин майдонҳо дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баҳри истироҳату фароғат ва бо варзиш шуғл варзидани наврасон  пешбинӣ шудаанд.

«Дар асоси муқаррароти шаҳрдорӣ  то соли 2015 ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр бо майдончаҳои муосири  варзишию солимгардонӣ таъмин карда мешаванд», – гуфт вай.

Номбурда изҳор кард, ки ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлол ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани ҳудуди 32 ҳазор метри мураббаъ манзил, анҷоми таъмири 13,4 ҳазор километр роҳҳо, 11,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 183,7 млн. сомонӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.