Н.Машрабов: Ман ҳеҷ ҷое гурехтанӣ набудам

Молики бозори «Корвон» Нуршед Машрабов аз тоҷирони бар асари сӯхтор осебдидаи бозор маъзарат хост. «Ман аз чунин ранг гирифтани ҳодиса хеле мутаассифам», – гуфт ба рӯзноманигорон Н.Машрабов. Ӯ иттилои нияти гурхетан доштанашро рад намуд. «Ман тамоми шаб дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, маро ҳама ба хубӣ диданд. Танҳо субҳ баъди оне, ки хеле монда шудаму […]

Аваз Юлдошев


Молики бозори «Корвон» Нуршед Машрабов аз тоҷирони бар асари сӯхтор осебдидаи бозор маъзарат хост. «Ман аз чунин ранг гирифтани ҳодиса хеле мутаассифам», – гуфт ба рӯзноманигорон Н.Машрабов.

Ӯ иттилои нияти гурхетан доштанашро рад намуд. «Ман тамоми шаб дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, маро ҳама ба хубӣ диданд. Танҳо субҳ баъди оне, ки хеле монда шудаму дарк кардам, ки асабҳоям ором нестанд ва вазъият муташшаниҷ мегардад, аз ҷойи ҳодиса рафтам», – гуфт вай.

Молики бозор ҳамчунин изҳор кард, ки бар асари сӯхтор, ки муддати тамоми шаб идома ёфт, ҳудуди 2 ҳазор нафар тоҷирони бозор осеб дидаанд, аммо аз ифшои маблағи умумии зарар худдорӣ варзида, илова намуд, ки «айни замон ин хеле мушкил аст».

Бо вуҷуди ин, Машрабов мутмаин аст, ки сӯхтор дар натиҷаи барқасдона оташ задан рух додааст, вале аз ҷониби кӣ содир шудани онро намедонад. «Камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ҳамаашро сабт карда, айни замон мавриди санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд ва фикр мекунам, ки онҳо дар муайян кардани афроди дар ин амал дастдошта кӯмак хоҳанд кард», – изҳор кард Машрабов ва афзуд, ки «агар ман гунаҳкор бошам, ба ҷавоб гуфтан дар назди суд омодаам».

Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки аз ҳисоби худ ва бозор тамоми фурӯшгоҳҳоро барқарор хоҳад кард. Ба қавли Машрабов, ҳамчунин тамоми осебдидагон ба муддати панҷ сол аз пардохти иҷорапулӣ ва дигар пардохтҳои бозор озод карда мешаванд. Ӯ гуфт, иҷораи моҳонаи як метри мураббаъ дар бозор 20 сомониро ташкил медиҳад. «Ман фурӯшгоҳҳоро барқарор месозам, вале маблағи зарари соҳибкоронро ҷуброн карда наметавонам», – иброз дошт Машрабов.

Молики бозор зикр кард, ки ду моҳ пеш дар бозор аз ҷониби хадамоти оташнишонии ВКД машқҳо доир гардида буданд, вале бо вуҷуди ин, бинобар сабаби хеле зиёд будани тамошобинон, дирӯз кори онҳо он қадр муташаккилона набуд.

Ӯ ҳамчунин тасдиқ кард, ки Убайд Орифов ба сифати маъмури бозор фаъолият мекунад. Аммо Машрабов боварӣ надорад, ки Орифов нисбат ба тоҷирон дағалона рафтор карда бошад. «Ба ҳар ҳол, касе аз соҳибкорон бо ин гуна далелҳо ба ман муроҷиат накардааст», – афзуд Машрабов. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.