Чанде қабл дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар наздикии бозори Султони Кабир ба муносибати ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ маросими расмии ифтитоҳи коргоҳи нави дорусозӣ баргузор шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, коргоҳи нави дорусозӣ аз ҷониби ширкати «Кӯҳҳои Тоҷикистон» бо ҷалби воситаҳои БДА «Амонатбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» бунёд гардида, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 180 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ин коргоҳи дорусозӣ иқтидор дорад, ки дар як сол то як миллион туб марҳам (маз), 10 млн. таблетка ва 500 ҳазор шиша доруворӣ дар шакли моеъ истеҳсол намояд. Дар коргоҳ дар маҷмӯъ 15 номгӯи доруворӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Ашёи хом ба ин корхона асосан аз Чин, Эрон, Русия ва аз худи кишвар ворид карда мешавад. Айни замон дар коргоҳ 12 нафар кормандони фармасевтӣ ва инженерӣ-техникӣ машғули кор буда, баъди ифтитоҳи расмии он, шумори онҳо то 18 нафар расонида мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар мамлакат 11 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 75 номгӯйи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд.


