Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда таҳти раёсати раиси пойтахт маҳмадсаид Убайдуллоев дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки сохторҳои масъули шаҳрӣ, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти оташнишонӣ, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, Сарраёсати меъморию шаҳрсозӣ, Кумитаи заминсозӣ ва директорони тамоми бозорҳои дар марзи шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ фаъолияткунанда баргузор гардид.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масъалаи ҳолати зиддисӯхтории иншоотҳо ва пеш аз ҳама бозорҳои хизматрасон дар марзи шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини зикргардида дастур фармуд, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ тибқи дастурамал ва низомномаҳои хизматӣ, ки аз талаботи қонунгузории кишвар сарчашма мегиранд, санҷиши сартосарии бозорҳоро оид ба мутобиқат ба ҳолати зиддисӯхторӣ, санитариву эпидемиологӣ ва меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонанд.
Сипас, бо анҷоми ҷаласаи мазкур мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорони ҶДММ «Бозори Корвон» дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ сурат гирифт.
Тавре зимни мулоқоти рӯ ба рӯи бо соҳибкорони бар асари сӯхтор зарардидаи ҶДММ «Бозори Корвон» 6 сентябри соли 2012 эълон доштаи хеш, Раиси шаҳр ин навбат 91 нафар соҳибкорони ба қабули шахсӣ ташрифовардаро дар ҳузури ҳайати Комиссияи бо нуфузи баҳри баррасию расидагӣ ба қазияи сӯхтор аз ҳисоби сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ бо ибтикори шаҳрдорӣ таҳти садорати муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов созмонёфта, бо иштироки соҳибмулки ҶДММ «Бозори Корвон» Нуршед Машрабов ба ҳузур пазируфт.
Зикр гардид, ки муқаррароти қаблӣ, ки барқарорсозии ҳудуди бар асари сӯхтор харобгардидаи бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» сад дар сад аз ҳисоби маъмурияти бозор барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар мӯҳлати як моҳ барқарор карда шуда, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорон мӯҳлати баргардонидани қарзҳои соҳибкоронро аз ҳисоби бонкҳои қарздода ду маротиба тамдид менамояд ва бо барқарор ва ба истифода додани бозор дар мӯҳлати 5 сол роҳбарияти бозор соҳибкорони зарардидаро аз пардохти ҳаққи иҷора озод месозад, бе тағйир монда, иҷроишашон баҳри дастгирии соҳибкорон зери назорати шахсии Раиси шаҳр комилан таъмин карда мешаванд.
Илова бар он, соҳибмулки ҶДММ «Бозори Корвон» Нуршед Машрабов тибқи ҳидоятҳои Раиси шаҳр зимни мулоқот ӯҳдадорӣ гирифт, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои далхдор аз ҷониби соҳибкорони ҳаққи иҷорапулии моҳи сентябрро пардохт намуда, ба онҳо бозпас гардонидани маблағҳоро таъмин сохта, бо гирифтани қарз аз бонк соҳибкорони зарардидаро ба маблағи аз 500 то 1000$ қарзи бефоизи солона дастрас месозад. Барои дар мӯҳлати як моҳ барқарорсозии бозор фаъолияти шабонарӯзии сохтмончиёнро ташкил намуда, баҳри дастгириву ҳимояи соҳибкорон хизматрасонии бозор аз рӯи низоми истифодабарии нуқтаҳои савдо ба ҳолати 5 -уми сентябри соли 2012 фаъол карда мешавад.
Дар ин росто, Комиссияи марбутаро дастур фармуд, ки ҷиҳати дар мӯҳлати муқарраргардида тибқи талаботи қонунгузорӣ баррасии қазия ва муроҷиати соҳибкорон ҳамарӯза аз соати 10 дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон» фаъолияти Ситоди дахлдорро ташкил намоянд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор кард, ки барои кӯмаку мусоидат ба дарёфти гунаҳкорони сӯхтори бозор 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар такрор кард, ки сӯхтор дар натиҷаи барқасдона оташ задан ба вуқӯъ пайваста, аз тарафи кадом афрод содир шудани ин амалро намедонад ва ба ин суол комиссияи тафтишотӣ посух хоҳад гуфт.
«Айни замон аз ҷойи ҳодиса берун бурдани ахлот идома дошта, рӯзҳои наздик қатори аввали фурӯшгоҳҳои бозори яклухтфурӯшии «Корвон» ба истифода дода мешаванд. То охири моҳ тамоми майдони осебдидаи 5 ҳазор метри мураббаъ дубора барқарор хоҳад шуд», – гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 5-уми сентябр дар бозори «Корвон» сӯхтор сар зада, бар асари он майдони беш аз 5 ҳазор метри мураббаъи фурӯшгоҳҳо нобуд, 1 нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳатҳои сӯхта бардоштанд. Рӯзи дигар ҳазорон тоҷирони бозор даст ба гирдиҳамойии эътирозӣ зада буданд.


