Қадрдонии сокинони Тоҷикобод барои ҳамкорӣ бо ВКД

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод барои ҳамкорӣ ва кӯмак расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маросими тантанавии тақдими унвону ҷоизаҳо доир гардид. Бино ба маълумоти маркази […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод барои ҳамкорӣ ва кӯмак расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маросими тантанавии тақдими унвону ҷоизаҳо доир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, ба як қатор кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид.

Инчунин, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба собиқадорон ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ мукофотпулӣ тақдим намуда, варзишгарон – аъзои ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилиро, ки дар бозиҳои 30-уми олимпиадаи Лондон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, бо мукофотҳои қиматнок сарфароз гардонид. Аз он ҷумла, ба  Мавзуна Чориева дастгоҳи наворбардорӣ ва маблағи муайяни пулӣ ва ба устодаш низ маблағи муайяни пулӣ тақдим намуд.  Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ аз номи мардуми Бадахшон ба Мавзуна Чориева сарулибоси бадахшониро супорид.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.