Табодули таҷрибаи кормандони пулиси Туркия бо ҳамтоҳои тоҷики худ

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Баргузории чорабиниҳои тактикӣ” оғоз шуд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир […]

ASIA-Plus


Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Баргузории чорабиниҳои тактикӣ” оғоз шуд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мегузарад ва аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Дар ин курсҳо дар баробари кормандони Агентӣ инчунин мутахассисони дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Дар доираи тренинг кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва оперативӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.

Тренинг аз ҷониби муаллимони Маркази таълимии пулиси миллии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Ҷумҳурии Туркия гузаронида мешавад ва то 14 сентябри соли ҷорӣ идома мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.