Дар паёми телевизионӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки «истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад».
Ӯ зикр кард, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.
«Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра мо тавонистем бо такя ба таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллиамон асосҳои давлати муосирро фароҳам созем», – таъкид кард Э.Раҳмон.
Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф кардааст, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.
«Вақте мо доир ба нақши сарнавиштсози истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъмати ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем, – иброз дошт ӯ. – Аз ин лиҳоз, баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои кишвар сафарбар намоем».
Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки набояд ба нуфузи андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо ва бахусус наврасону ҷавонон роҳ диҳем, зеро сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи мӯҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.
Президенти кишвар қайд кард, ки бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобаста аст ва дарки ҳамин арзиши ҳаётӣ миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки соли равон мо бистумин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар радифи ҷашни истиқлолияти давлатиамон барои мо мақому манзалати шоиста дорад, таҷлил менамоем ва маҳз қарорҳои тақдирсози иҷлосияи мазкур барои миллати азияткашидаи мо фазои расидан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу суботро фароҳам оварданд.
Эмомалӣ Раҳмон итминони комил изҳор намуд, ки ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасад, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт мекунад.


