Мақомоти раҳбарии Эрон омодагии худ ба табодули об бо нерӯи барқ бо Тоҷикистонро изҳор кард, – иттилоъ медиҳад оҷонсии эронии
Pana News
.
«Агар Тоҷикистон тавассути рӯдхонаҳои худ Эронро бо ҳаҷми зарурии об таъмин намояд, Эрон ба ивази он ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард», – гуфтааст муовини вазири энергетикаи Эрон Алиризо Доимӣ.
Алиризо Доимӣ изҳор доштаст, ки Эрон тавассути сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқии «Сангтӯда-2» ва «Айнӣ» омода аст, ки талаботи Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин созад.
«Такмили ин нерӯгоҳҳо миёни се кишвари минтақа – Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон як коридори обиву энергетикиро бунёд мекунад ва дар сурати ба ин коридор пайвастани Туркманистон, ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишварҳо тақвияти бештар хоҳанд ёфт», – таъкид доштааст Доимӣ.
Номбурда таъкид сохтааст, ки Туркманистон низ барои таъмини Эрон бо об аз имконоти зиёде бархӯрдор аст. «Дар Туркманистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ имконоти зиёде мавҷуд аст ва мо ба сармоягузорӣ дар ин бахш омодаем», – афзудааст ӯ.


