Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлол табрик гуфтанд

Ба муносибати бисту якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ табрик гуфтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи табрикотии президенти Украина Виктор Янукович зикр мегардад, ки соли равон бо талошҳои муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи халқҳои украину […]

ASIA-Plus


Ба муносибати бисту якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ табрик гуфтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи табрикотии президенти Украина Виктор Янукович зикр мегардад, ки соли равон бо талошҳои муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи халқҳои украину тоҷик дар ҳама соҳаҳо тадбирҳои афзун анҷом дода шуданд.

«Аминам, ки санадҳои мувофиқашуда ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ заминаи фаъол гузошта, ҷиҳати болоравии иқтисоди миёни кишварҳо ва некӯаҳволии халқҳоямон таъсири амиқ хоҳад расонд», – омадааст дар барқияи шодбошии сарвари давлати Украина.

Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд, ки дар чанд соли охир ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамраъйии миёни халқҳоямон ба рушди воқеӣ ноил гардидем. «Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои неку дӯстонаамон минбаъд низ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳоямон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар барқия.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ зимни табрикоти хеш изҳор доштааст, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷараёни рушди сареъро дар тамоми соҳаҳо касб кардаанд.

«Ман ба сафари дар пешистодаи бародари худ ба Покистон ҷиҳати иштирок дар саммити чоргона, ки 2-3 октябри соли 2012 доир мегардад, назари нек дорам. Ин рӯйдод барои мо имконияти муносиберо барои мубодилаи афкор атрофии масоили минтақавӣ ва баррасии муносибатҳои дуҷониба фароҳам меорад», – гуфтааст Осиф Алӣ Зардорӣ.

Ҳамчунин ба унвони президенти Тоҷикистон аз номи президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тзинтао, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Абдулло Гул, президенти Ҷумҳурии Туркия  президенти  Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, президенти Конфедератсияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлумпф, президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили ва дигар сарони давлатҳову созмонҳои байнулмилалӣ барқияҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, вуруди номаҳои табрикӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.