Раиси Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон Ҳусейн Анворӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар доданд, Ҳусейн Анворӣ бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.
Дар доираи сафар раиси Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнӣ аз вилояти Суғд боздид намуда, ҳамчунин бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби кумита сармоягузоришуда дар Тоҷикистон аз наздик ошно мегардад.


