Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба нигаҳбонии бозорҳо дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон ба тамоми роҳбарони бозорҳои минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки дар робита ба сӯхтори ахир дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе ба масъалаи тақвияти нигаҳбонии бозорҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати «Тоҷикматлубот» иттилоъ дод, ахири ҳафтаи гузашта бо иштироки роҳбарони тамоми бозорҳои вилояти Хатлон […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон ба тамоми роҳбарони бозорҳои минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки дар робита ба сӯхтори ахир дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе ба масъалаи тақвияти нигаҳбонии бозорҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати «Тоҷикматлубот» иттилоъ дод, ахири ҳафтаи гузашта бо иштироки роҳбарони тамоми бозорҳои вилояти Хатлон машварати таъҷилӣ доир гардида, ба онҳо ҷиҳати ба тартиб овардани тамоми таҷҳизоти оташнишонӣ дар қаламрави бозорҳо дастур дода шудааст.

«Баъзан хадамоти оташнишонӣ моро барои риоя накардани қодиаҳои пешгирии сӯхтор, аз ҷумла мавҷуд набудани гидрантҳо ё сарчашмаи об дар бозорҳо танқид мекунанд, вале ба кифоя набудани фишори зарурӣ дар онҳо таваҷҷуҳ намедиҳанд, – гуфт манбаъ. – Дар баъзе бозорҳо бошад, низоми обу корез умуман вуҷуд надорад, вале ин мушкилоти хадамоти дахлдор аст».

Ёдрас мекунем, ки тайи солҳои ахир дар бозорҳои шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон сӯхторҳо ба вуқуъ пайваста буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.