Маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соати 11-и имрӯз дар назди манзили зисташ дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) баргузор мегардад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе муаллифи қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ», олими маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
«Ба корҳои тадорукотии дафни олим Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат машғуланд», – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади академик дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.
М.Бахтӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки рӯзҳои наздик Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми ҷумҳурӣ баҳри абадӣ гардонидани хотираи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ҳукумати кишвар муроҷиат хоҳанд кард.


