ФФТ қазия атрофи собиқ сармураббии дастаи Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Федератсияи футболи Тоҷикистон қазия атрофи собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Кемал Алиспахичро шарҳ дод. Бино ба иттилои ФФТ, моҳи майи соли равон федератсия ба Алиспахич пешниҳод кардааст, ки то ахири сол қарордод ба имзо расонанд, вале ӯ рад кардааст. «Пас аз ин бо ӯ танҳо ба муддати 2 моҳ қарордод ба имзо расид. Қарордод 17-уми […]

Пайрав Чоршанбиев


Федератсияи футболи Тоҷикистон қазия атрофи собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Кемал Алиспахичро шарҳ дод.

Бино ба иттилои ФФТ, моҳи майи соли равон федератсия ба Алиспахич пешниҳод кардааст, ки то ахири сол қарордод ба имзо расонанд, вале ӯ рад кардааст. «Пас аз ин бо ӯ танҳо ба муддати 2 моҳ қарордод ба имзо расид. Қарордод 17-уми май ба имзо расида, мутаносибан санаи 17-уми июл муҳлати он ба охир расид. Агар қарордод набошад, пас даъвои ҷаноби Алиспахич қобили қабул нест», – гуфтанд дар ФФТ.

Қаблан дар мусоҳиба бо ҳафтавори «Азия-Плюс» К.Алиспахич изҳор дошта буд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба таври якҷониба қарордод бо ӯро бекор намудааст. «Ман мураббии касбии футбол буда, бекор намемонам. Ба дастаи Тоҷикистон бошад, комёбӣ ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ хушбахтироо орзу дорам», – гуфта буд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи Қатар дар Мюнхенро сармураббии дастаи «Истиқлол» Никола Кавазович роҳбарӣ кард. Дар ин бозӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Қатар дастболо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.