Фавти 100 муҳоҷири меҳнатӣ аз Турсунзода тӯли 8 моҳ


Шумораи фавтидагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби сокинони шаҳри Турсунзода дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 100 расид, ки нисбат ба шумораи кулли фавтидагон дар муҳоҷират аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳурӣ (643 нафар дар 8 моҳ) ин нишондиҳанда хеле зиёд аст.

Дар ин бора сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода Лӯъбатой Азимова зимни ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар шаҳри Турсунзода рӯзи 18-уми сентябр ба ҳозирин маълумот дод. Шӯрои мазкур бо қарори Раиси шаҳри Турсунзода бо мақсади беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз соли 2010 инҷониб фаъолият дорад. Шӯро ҳар 3 моҳ як маротиба ҷаласа барпо мекунад.

Нишасти навбатӣ бештар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишварро дар бар гирифт. Қайд карда шуд, ки дар давоми солҳои 2007-2008 ҳазор оила аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давра ба давра дар асоси барномаи муҳоҷирати дохилӣ ба шаҳри Турсунзода кӯчонида шуд. Аз ин теъдод 998 оила айни замон дар минтақаҳои муайянгардида зиндагӣ доранд ва ҳамаи ин оилаҳо дар дафтари бақайдгирии аҳолии ҷамоатҳои деҳот ворид гардидаанд. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳо қарзҳои имтиёзнок муқаррар гардида буд, ки аксарияти ин оилаҳо қарзҳои мазкурро  барои сохтмони манзилҳои истиқоматиашон истифода карданд.

Лӯъбатой Азимова ҳамчунин қайд кард, ки шаҳрвандони ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванда барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намекунанд. «Баҳри пешгирии оқибатҳои нохуши муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии чунин ашхос ташкилотҳои ғайридавлатии ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси барномаҳое, ки асосан аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ маблағгузорӣ мешаванд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, вале мутаассифона, дар қаламрави шаҳри Турсунзода чунин барномаҳо фаъолият надоранд», – гуфт ӯ.

Сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, полковники милитсия С.Мирзоев, ки ҳамзамон узви Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар шаҳри Турсунзода мебошад, оид ба як қатор масоили доғи ҷомеа сухан кард. Номбурда зикр намуд, ки ахиран тибқи нақшаи чорабиниҳои ШВКД-и шаҳри Турсунзода, кормандони он бо аҳолӣ ҳар ҳафта 2 маротиба дар ҷойи истиқомати онҳо вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида, аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар фарҷоми ҷаласа дар муҳити озоду ошкоро мубодилаи афкор сурат пазируфта, аз ҷониби ҳозирин як қатор пешниҳодҳои ҷолиб иброз гардид.

spot_imgspot_img

Популярное