Ташрифи муовини аввали нахуствазири Русия ба Тоҷикистон

Нимаи аввали ҳафтаи равон муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки сафари И.Шувалов рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, Игор Шувалов ният дорад, ки бо президенти […]

ASIA-Plus


Нимаи аввали ҳафтаи равон муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки сафари И.Шувалов рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, Игор Шувалов ният дорад, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кунад. Интизорӣ меравад, ки дар ҷараёни мулоқот масоили ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамзамон атрофи барномаи сафари қарибулвуқӯъи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи октябр дар назар аст, низ табодули афкор намуда, асноди барои ба имзо расидан дар ин сафар пешбинишударо мувофиқа месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.