Кӯмаки Ҷопон ба сохтмони бемористон дар ноҳияи Ашт

Санаи 18 сентябри соли 2012 ҷаноби Хироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи инкишоф додани беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт» ба маблағи 115,021 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти […]

ASIA-Plus


Санаи 18 сентябри соли 2012 ҷаноби Хироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи инкишоф додани беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт» ба маблағи 115,021 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо мақсади дастгирӣ намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи он, барои сохтани як адад бинои нави замонавии тиббӣ маблағ ҷудо намуд.

Филиали беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Дӯстӣ ҷойгир аст. Ин филиал аз шӯъбаи ҷарроҳи, шӯъбаи терапевтӣ ва шӯъбаи гинекологӣ иборат аст.

Ҳар сол тақрибан 6000 нафар беморон аз гирду атрофи шаҳраки Дӯстӣ дар ин беморхона табобат мегиранд. 46%-и онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар беморхона дар айни замон танҳо 2 шӯъба – шӯъбаи кӯдакон ва занон вуҷуд дорад, ки табобати онҳо дар шароити номусоид ва ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бинои нав бо 13 ҳуҷра дар чаҳорчӯбаи кӯмаки бебозгашт грант сохта мешавад, ва баъди пурра сохта ба истифода дода шудани он, беморхона ба беморхонаи минтақавӣ табдил дода мешавад. Ин маркази тиббӣ бо 24 ҷойи тиббӣ таҷҳизонида шуда, ба кӯдакон ва занони шаҳраки Дӯстӣ хизматрасонии хуби замонавӣ хоҳад расонид. Ин беморхонаи нав ҳамзамон бо шароити зарурӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ таҷҳизонида шудааст.

Хизматрасонии хуби тиббӣ барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардуми ноҳияи Ашти вилояти Суғд саҳми худро хоҳад гузошт.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 285 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.