БҶ: Тоҷикистон бояд мустақилона роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро дарёбад

Роҳбари барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сударшан Канагараҷа бар ин назар аст, ки Тоҷикистон як вазъи беҳамтои муҳоҷиратро доро буда, ҳеҷ яке аз вазъҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ин самт ба он шабоҳат надоранд. Зимни вохӯрии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сударшан Канагараҷа бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сударшан Канагараҷа бар ин назар аст, ки Тоҷикистон як вазъи беҳамтои муҳоҷиратро доро буда, ҳеҷ яке аз вазъҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ин самт ба он шабоҳат надоранд.

Зимни вохӯрии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сударшан Канагараҷа бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, ӯ изҳор кард, ки Тоҷикистон бояд мустақилона роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро дарёбад.

Дар ҳамин ҳол, Канагараҷа зикр кард, ки «дар ин самт Тоҷикистон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба дастовардҳои назаррас ноил гардид».

«Ба гунаи мисол метавон гуфт, аксари масоилеро, ки Тоҷикистон дар мудддати як сол ба ҳалли он муваффақ гардид, Филиппин дар 10 сол ҳал намуд, – таъкид дошт ӯ. – Аммо дар бозори байнулмилалии меҳнат рақобат барои қувваи корӣ ба марҳилаи нисбатан шадидтар мегузарад, вале Тоҷикистон ба он ҳанӯз омода нест».

Роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморад, ки бо назардошти мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират, таъсиси марказҳои омодагии то ба муҳоҷират рафтан зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, мушовири Бонки ҷаҳонӣ Томас Ачакосо қайд кард, ки муҳоҷирати корӣ сарчашмаи асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба андешаи ӯ, имрӯз ҷумҳурӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал намудани маҷмӯи васеи масъалаҳо дар ин самт бояд чораҳои муассир биандешад. «Дарёфти чунин роҳҳои ҳалли масъала зарур аст, ки бо талаботи байнулмилалӣ созгор бошанд», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.