Кӯмаки Ҷопон ба Маркази нефрологии ҷумҳурӣ


Имрӯз ҷаноби Хироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва хонум  Мария Шехова, сардухтури Маркази нефрологӣ дар назди бемористони клиникии кӯдаконаи №2, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти тиббии Маркази ҷумҳуриявии нефрологии кӯдаконаи Тоҷикистон» ба маблағи 106,548 доллари ИМА ба имзо расониданд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣдастгири мешавад.

Маркази нефрологӣ ягона муассисаи тиббиест, ки мустақиман бо маризиҳои гурдаи кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарукор дорад ва барои пешкаш намудани хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3 ҳазор кӯдак дар як сол нақши асосиро мебозад. Лекин бештари таҷҳизоти тиббии мавҷуда кӯҳна буда, дар ҳолати ногувор мебошад. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ яке аз омилҳои асосӣ барои хизматрасонии хуби тиббӣ барои беморон мебошад.

Дар натиҷаи амали гаштани ин лоиҳаи мазкур, таҷҳизотҳои нави тиббӣ ба монанди УЗИ, коагулятор ва ғайра дар марказ пайваст мегарданд. Татбиқи ин лоиҳа боиси баланд бардоштани сатхи хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3 ҳазор нафар беморони гурда мебошад.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 285 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное